Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 1 то 21 марти соли равон барои тамоми шаҳрвандони мамлакат тахшис барои муайян кардани қанд, хун барои уфунат ва се намуд кандидозро ба роҳ монд.
Дар доираи иқдоми мазкур ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ 943 дархост аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат барои гузаштани ташхисҳои зикргардида ба тариқи ройгон пешниҳод гардид.
Ҳамин тавр, дар асоси 943 дархсот ба шаҳрвандони мамлакат 678 ташхис барои муайян кардани қанд, 560 ташхис барои гепатити В, 180 ташхис барои уфунат ва 10 ташхис барои кандидоз бо тариқи ройгон гузаронида шуд.
“Озмоишгоҳи референсӣ”, ки дорои тамоми дастгоҳҳои муосир ва шароитҳои ташхисӣ мебошад, фаъолияти хубу босамари он барои ташхиси саривақтӣ ва табобати дурусту босифат мусоидат хоҳад кард.
Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат мебошад.