САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. САҲМИ ОЗМОИШГОҲИ МИЛЛИИ РЕФЕРЕНСӢ ДАР РУШДИ СОҲАИ ОЗМОИШГОҲИИ ТОҶИКИСТОН
Боиси шарафмандист, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли ҷорӣ 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро дар фазои орому осуда ва бо дастовардҳои муҳиму назаррас таҷлил менамоянд.
9 сентябр-Рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани биҳиштосоямон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ҳанӯз 35 сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи басо ҳассос ва тақдирсоз ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гардид, ки ин дастовард барои миллати тоҷик арзиши бағоят бузург ва таърихӣ дорад.
Бояд гуфт, ки истиқлолият ҳамчун арзиши волои давлатдорӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик оромиву осоиштагӣ, зиндагии пурсаодат, сарҷамъиву иттиҳод ва якдилӣ овард. Маҳз Истиқлолияти комили миллӣ буд, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати тоҷик дигарбора соҳибдавлат гардид ва дар харитаи олам кишваре бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолият давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфӯзи Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо карданд.
Дар даврони истиқлолият ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.
Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳимтарини кишвар, ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ баҳри бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар иқдомҳои бузург амалӣ карда шудаанд.
Дар ин давра баҳри таъмини бонизоми рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул карда шуданд, ки татбиқи босамари онҳо айни замон бомаром идома дорад.

Маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат соҳаи тандурустии кишвар дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали эшон баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.
Боиси хушнудист, ки дар баробари дигар самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, дар ин давра бахши озмоишгоҳӣ низ дар мамлакат на танҳо аз нав эҳё гашт, балки ба дастовардҳои арзанда ҳам ноил гардид. Яке аз чунин муассисаҳои озмоишгоҳии мамлакат, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ сохта ба истифода дода шуд, ин Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Озмоишгоҳи миллии референсӣ 28-уми апрели соли 2017 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки “Шифобахш” (Қараболо) дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
Аснои ифтитоҳи иншооти мазкур ва зимни суҳбат бо кормандони Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи мардум ҳидоят карданд. Маҳз сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи корӣ қарор додани дастуру ҳидоятҳои созанда ва тавсияву маслиҳати падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 9 соли фаъолият ба роҳбарият ва кормандони озмоишгоҳи мазкур руҳу илҳоми тоза бахшид, то дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми арзишманди хешро гузоранд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар озмоишгоҳи номбурда тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод шаванд.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2-ро ташкил медиҳад.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон сохта шудаанд.
Дар давоми 9 соли фаъолияти босамар мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар чандин кишварҳои хориҷӣ аз даврҳои бозомӯзӣ ва курсҳои омӯзишӣ гузашта, донишу таҷрибаи худро баланд бардоштаанд.
Маҳз донишу таҷрибаи баланди касбӣ ва истифодаи оқилонаву самараноки дастгоҳу таҷҳизоти муҳайёгардида ба мутахассисони озмоишгоҳи мазкур имкон дод, ки дар самти ташхисҳои дурусту дақиқи шаҳрвандони мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Бояд гуфт, ки дар давоми фаъолият Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба як қатор муваффақият ва дастовардҳои беназири соҳавии на танҳо дохиливу минтақавӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ шарафёб гашт.
Махсусан, соли 2023 Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуд.
Мактуби расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дар бораи эътирофи ин муассиса моҳи сентябри соли 2023 ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге тақдим намуд.
Ба ғайр аз ин, муассиса дар барномаи ТУТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузори 100% ва сертификат шуд.
Ҳамзамон, озмоишгоҳи бактериологии муассисаи мазкур дар арзёбии берунаи сифат барои гузаронидани санҷиши ҳассосияти зиддимикробӣ, ки аз ҷониби Шабакаи назорати эпидемиологии муқовимати зиддимикробӣ дар Осиёи Миёна ва Аврупо (CAESAR) дар ҳамкорӣ бо Хадамоти миллии арзёбии сифат дар Британияи Кабир ба воситаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2023 гузаронида шуд, иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат дар гузаронидани ташхисҳо вобаста ба ҳаммонандкунии микроорганизмҳо ва ҳассосият ба антибиотикҳо шуд.
Дар баробари ин, моҳи апрели соли 2026 Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамчун Маркази ҳамкории ин ташкилот аз рӯи системаи менеҷменти сифати озмоишгоҳҳо ба шуъбаи арзёбии берунии сифати хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ эътироф карда шуд.
Бояд гуфт, ки эътирофи Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун Маркази ҳамкории ТУТ аз рӯи системаи менеҷменти сифати озмоишгоҳҳо ба шуъбаи арзёбии берунии сифати хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои тиббӣ дастоварди муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар рушди пайдарпайи низоми озмоишгоҳҳои миллӣ мебошад.
Додани мақоми Маркази ҳамкории ТУТ ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ-ин эътирофи байналмилалии касбият ва натиҷаҳои устувори лабораторияи миллии кишвар ва инчунин қадами муҳим барои таҳкими минбаъдаи системаи идоракунии сифати озмоишгоҳҳо мебошад.
Ҳамчун аввалин Маркази ҳамкории ТУТ дар минтақа эътироф гаштани Озмоишгоҳи миллии референсӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиш ва машварати мутахассисон, паҳн кардани таҷрибаҳои беҳтарин ва дастгирии лабораторияҳо дар такмили равандҳо мусоидат хоҳад кард.
Қайд кардан лозим аст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба чунин табақаҳои ҷомеа пайваста хизматрасониҳои ройгони озмоишгоҳӣ расонида мешавад.
Баҳри назорати фаъолият аз тарафи Шӯъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (тадқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии Озмоишгоҳи миллии референсӣ пайваста дар муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шуда, фаъолияти онҳо таҳлилу баррасӣ карда мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи зарури ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди барраси қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида мешаванд.
Яъне, роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба ҳар як муроҷиат ва фикру пешниҳоди мизоҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани фаъолияти корӣ ҳамеша омодааст, ки тавсияву маслиҳати муфиду созандаи шаҳрвандонро баҳри ҷоннок намудани хизматрасонӣ амалӣ намояд.
Дар маҷмӯъ, метавон чунин хулоса кард, ки Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун муассисаи тандурустии озмоишгоҳӣ самараи даврони соҳибистиқлолии давлатӣ тавонист ба рушди соҳаи озмоишгоҳии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад ва дар баробари ин, баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат низ саҳми арзишманди хешро гузорад.
Баҳодур Холназар,
директори Муассисаи давлатии
“Озмоишгоҳи миллии референсӣ”
