Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли ҳамватанонро ба ифтихори фарорасии яке аз ҷашнҳои муҳиму таърихӣ- 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки бигзор ҳамеша тандурусту хонаобод ва муваффақу сарбаланд бошед.
Боиси шарафмандист, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро дар фазои орому осуда ва бо дастовардҳои муҳиму назаррас таҷлил менамоянд.
9 сентябр-Рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани биҳиштосоямон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ҳанӯз 33 сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи басо ҳассос ва тақдирсоз ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гардид, ки ин дастовард барои миллати тоҷик арзиши бағоят бузург ва таърихӣ дорад.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ обру ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Махсусан, ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат ҳамовозии амиқ пайдо карданд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори ин санаи фархунда сидқан муборакбод намуда, бароятон тамоми хушиҳои рӯзгор ва ба Тоҷикистони азизамон осмони софу беғуборро таманно дорам.
Директори Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” Баҳодур Холназар