Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” ҳайати Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба муассисаи номбурда ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.
Дар ин замина ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки воқеан ин марказ барои саломатии тамоми мардуми Тоҷикистон ва берун аз он хизматрасиҳои назаррасро пешкаш менамояд.

Айни замон маркази номбурдашуда аз ҷониби ТУТ расман ҳамчун Маркази миллии зуком (ММЗ) дар доираи Низоми ҷаҳонии назорат ва вокуниши зуком эътироф шудааст. Ва ин озмоишгоҳ иқтидори Тоҷикистонро барои ошкор намудан ва мубодилаи вирусҳои зуком тақвият медиҳад ва омодагиро ба пандемияҳо мустаҳкам месозад.

Маркази номбаршуда тавассути Барномаи назорати муқовимат ба дорувориҳои зидди микробӣ (GLASS) мониторинги муқовимати дорувориҳои зидди микробиро густариш дода истодааст, ки барои ошкор намудани бармаҳал ва таъмини самаранокии дорувориҳо ҳаётан муҳим мебошад.

Ҳангоми боздид инчунин гурӯҳи дуюми иштирокчиёни “Барномаи ҷаҳонии омузиши малакаи роҳбарӣ дар озмоишгоҳ” (GLLP) муаррифӣ гардиданд, ки таҳти чорчӯбаи “Саломатии Ягона” таҷрибаи амалӣ меомӯзанд.
Ин фаъолиятҳои назаррас Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди зуком, пандемия, бемориҳои зоонозӣ ва муқовимати дорувориҳои зиддимикробӣ дар сафи пеши хоҳад гузошт.


