Дар озмоишгоҳи бактериологии Озмоишгоҳи миллии референсӣ як қатор таҳлилҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла таҳлили кишти бактериологӣ: хун ва уфунат, хун гемокультура, пешоб (коэ), чашм, захм, гулӯ, бинӣ, гуш, балғам, аз узвҳои занона (цервикального канала), молишак (мазок), кишти бактериологӣ аз уретра ва сперма, моеъ аз ҳаромиағз (ликвор). Инчунин, кишти бактериологӣ барои муайян кардани замбуруғҳо ҳам гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи киштҳо дар бокси биологии бехатарӣ (БББ) дар муҳити ғизоӣ гузошта шудаву дар термостат дар 37 градус нигоҳдорӣ шуда, баъд аз афзоиш миқдори муайян гирифта, аз он молишак тайёр кардаву дар дастгоҳи Previcolor гузошта мешавад. Ин дастгоҳ дар муддати 6 дақиқа 12 молишакро ранг кардаву хушк намуда, барои муайян кардан грам-манфӣ ва грам-мусбии бактерияҳо истифода бурда мешавад. Баъди муайян намудани (индентификацияи) микроорганизм миқдори каме дар плазма ва муҳити ғизоии клиглер гузошта хоҳад шуд. Ҳамин тавр, дар равиши кор микроорганизмро ба ҳассосият ба антибиётикҳо мегузорем. Ҳар патогении муайянншуда дар муҳити ғизои гирифта, дар яхдон (рефрежиратор) дар 70 градус нигоҳ дошта мешавад.

Дар баробари ин, дар шуъбаи озмоишгоҳи бактериология дастгоҳи VITEK 2 сотраст низ мавҷуд аст, ки ҳамаи бактерияҳоро дар муддати 8-10 соат бо ҳассосият ба антибиотикҳо аниқ (99%) карда хоҳад шуд.
Дар нақша гирифта шудааст, ки дар оянда таҳлили реаксияи занҷираи полимерази барои муайян кардани бактерияҳои патогеннӣ низ дар шуъбаи озмоишгоҳи бактериологии Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҷорӣ карда шавад.

