Дар давраи соли 2024 мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҷиҳати иҷроиши як қатор фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавзуъҳои “Оиди гузаронидани даври омӯзиши дар доираи Барномаи глобалӣ доир ба роҳбарӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба гузаронидани даврҳои омӯзишӣ, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолияти озмоишгоҳҳои вирусологӣ вобаста дар амал ворид намудани ташхиси барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ тасдиқ шудааст”, “Оид ба беҳсозии иқтидори озмоишгоҳҳои вирусологӣ ва бактериологӣ”, “Дар бораи гузаронидани семинари омӯзишӣ барои табибони вирусолог дар мавзӯъҳои “Муайянсозии ташхиси озмоишии вируси обилаи маймун ва бемории ботулизм”, “Дар бораи гузаронидани семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳкими системаи огоҳкунии бармаҳал ва вокуниши муассири саривақтӣ ва ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ”, “Оид ба таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба гузаронидани мониторинги озмоишгоҳҳои сохтори тандурустӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар 29 ноҳияҳои таҷрибавӣ” ва ғайраҳо иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар доираи иштирок дар давр ва курсҳои омӯзишӣ мутахассисони озмоишгоҳ донишу таҷрибаи хешро боз ҳам баланд бардоштанд.
ДАР АКС: Иштироки мутахассисони Озмоишгоҳи миллии рефренсӣ дар даври омӯзишӣ дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон