Барои баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон дар соли 2024 48 дарсҳои омӯзишӣ бо табибон, кормандони миёнаи тиб ва бо кормандони хурди тиб дар мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи фаъолият гузаронида шуда, тартиби амалиётҳои стандартӣ аз нав баррасӣ шуданд. Дар ин давра 10 аудити дохилӣ ва салоҳиятнокии 16 мутахассисон, 30 маҷлиси системаи менеҷменти сифат гузаронида шуданд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди барраси қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб “Пурсишнома” тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи пурсишнома (анкета) бо 368 нафар беморон пурсиш гузаронида шудааст.