Дар давраи ҳисоботии соли 2023 аз тарафи Шӯъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (тадқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустӣ дар 9 муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳи доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шудааст.
Ҳамзамон дар давраи сипаригашта баҳри иҷроиши супориш дар самти назорати амалисозии ҳадафҳои асосии лоиҳаи “Таҳкими иқтидор дар чаҳорчӯби барномаи саломатии ягона ҷиҳати дастгирии амалҳои афзалиятнок оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Тоҷикистон” аз ҷумла назорати эпидемиологии E.Coli ESBL, устувории он ба доруҳои зиддимикробӣ баҳодиҳии берунаи сифати ташхисҳои бактериологии озмоишгоҳҳои бактериологии 6 муассисаҳои тандурустии мамлакат гузаронида шуд.