Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ давоми 3 моҳаи аввали соли 2023 9 дарсҳои омӯзишӣ дар алоҳидагӣ бо табибон, кормандони миёнаи тиб ва бо кормандони хурди тиб дар мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи фаъолият гузаронида шуда, тартиби амалиётҳои стандартӣ (ТАС (СОП)) аз нав баррасӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди барраси қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи пурсишнома (анкета) бо 68 нафар беморон пурсиш гузаронида шудааст.
Дар навбати худ пешниҳод ва тавсияи пурсидашудагон доир ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба инобат гирифта шуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.