Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 аз тарафи Шўъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва назорати сифати озмоишгоҳҳои Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар 24 муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба усули фаврии ташхиси подзоҳо (антигенҳо) нисбати сирояти нави коронавирус (SARS-CoV-2) мониторинг гузаронида шуд.
Инчунин, дар ин давра дар 4 муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шуд.
Барои баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон дар давраи ҳисоботии мазкур 18 дарсҳои омӯзишӣ дар алоҳидагӣ бо табибон, кормандони миёнаи тиб ва бо кормандони хурди тиб дар мавзӯъҳои вобаста ба фаъолияти соҳа ташкил ва баргузор гардид. Дар ин муддат 50 адад тартиби амалиётҳои стандартӣ (ТАС (СОП)) аз нав баррасӣ шуданд.
(Акс аз бойгонии referens.tj)