Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ 19 октябри соли равон Иммануэл Лейфер, мутахассиси лоиҳаи “Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ” ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ ташриф овард.
Тавре директори Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназаров зимни суҳбат ба moh.tj иброз дошт, ҳадаф ва мақсади ташрифи мутахассиси олмонӣ ба Тоҷикистон, дар самти ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 табодули таҷриба бо мутахассисони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон, махсусан бо мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон, Иммануэл Лейфер, мутахассиси лоиҳаи “Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ” 3 ҳазор тестҳои ташхисӣ барои омӯзиш бо худ овардааст, ки дастраси Озмоишгоҳи миллии референсӣ карда шудаанд.
Дар навбати худ Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кӯмаки хешро хоҳад расонид.
Бояд гуфт, ки давраи омӯзишии Иммануэл Лейфер, мутахассиси лоиҳаи “Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ” бо мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ то 2 ноябри соли равон дар назар дошта шудааст.