Озмоишгоҳи миллии референсӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба тамоми занону духтарони мамлакат ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат, гепатити В ва қандро ба таври ройгон ба роҳ монд.
Дар доираи иқдоми мазкур ба 289 нафар занони муроҷиатнамуда ташхисҳои зикргардида ба таври ройгон расонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои қанд, гепатити В ва се намуд кандидоз- албиканс, глабрата, круз фаро хоҳад гирифт.
Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо).