Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Дар ин самт дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз тарафи муассиса ба 777 нафар маъюбон ба маблағи 57030 сомонӣ, ба 374 нафар шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 30387 сомонӣ, ба 111 нафар дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 9276 сомонӣ ва дар умум ба 1262 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 96693 сомонӣ ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст.
Дар навбати худ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ин иқдоми роҳбарияти озмоишгоҳ истиқбол намуда, баҳри фароҳам овардани чунин шароити мусоид ба Роҳбарияти олии мамлакат, хосатан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.