Санаи 28-уми апрели соли равон аз таъсисёбии яке аз озмоишгоҳҳои муваффақ ва беҳтарини Тоҷикистон-Озмоишгоҳи миллии референсӣ расо 7 сол пур мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки Озмоишгоҳи миллии референсӣ 28-уми апрели соли 2017 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки “Шифобахш” (Қараболо) дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
Аснои ифтитоҳи иншооти мазкур ва зимни суҳбат бо кормандони Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як маркази тиббии муосирро табрик гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи мардум ҳидоят карданд.Маҳз сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи корӣ қарор додани дастуру ҳидоятҳои созанда ва тавсияву маслиҳати падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 7 соли фаъолият ба роҳбарият ва кормандони озмоишгоҳи мазкур руҳу илҳоми тоза бахшид, то дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми арзишманди хешро гузоранд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар озмоишгоҳи номбурда тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод шаванд.
Аз ин ҷост, ки табибон ва мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар ба фаъолият шурӯъ кардани Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-ро бо таҷҳизоту лавозимоти муосири соҳавӣ яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи тибби ҷумҳурӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобиданд.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии бино 1610 м2-ро ташкил медиҳад.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюм озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо барои таълими кормандон сохта шудаанд.
Дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд. Тамоми кормандон аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронида шудаанд.Таҳлилҳо нишон додаанд, ки бартарии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар ташхисҳои дақиқи он буда, ҳамзамон бартарии навбатӣ дар фаврияти кор арзёбӣ мегардад.
Дар давоми 7 соли фаъолияти босамар мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар чандин кишварҳои хориҷӣ аз даврҳои бозомӯзӣ ва курсҳои омӯзишӣ гузашта, донишу таҷрибаи худро баланд бардоштаанд.
Маҳз донишу таҷрибаи баланди касбӣ ва истифодаи оқилонаву самараноки дастгоҳу таҷҳизоти муҳайёгардида ба мутахассисони озмоишгоҳи мазкур имкон дод, ки дар самти ташхисҳои дурусту дақиқи шаҳрвандони мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Бояд гуфт, ки дар давоми 7 сол Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба як қатор муваффақият ва дастовардҳои беназири соҳавӣ шарафёб гашт.
Аз ҷумла соли 2023 Аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуд.
Мактуби расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дар бораи эътирофи ин муассиса моҳи сентябри соли 2023 ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге ирсол намуд.
Ба ғайр аз ин муассиса дар барномаи ТУТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузори 100% ва сертификат шуданд.
Дар баробари ин, Озмоишгоҳи бактериологии Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар арзёбии берунаи сифат барои гузаронидани санҷиши ҳассосияти зиддимикробӣ, ки аз ҷониби Шабакаи назорати эпидемиологии муқовимати зиддимикробӣ дар Осиёи Миёна ва Аврупо (CAESAR) дар ҳамкорӣ бо Хадамоти миллии арзёбии сифат дар Британияи Кабир ба воситаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2023 гузаронида шуд, иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат дар гузаронидани ташхисҳо вобаста ба ҳаммонандкунии микроорганизмҳо ва ҳассосият ба антибиотикҳо шуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ низ пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешавад.
Дар давоми фаъолияти 7-солаи худ аз ҷониби Озмоишгоҳи мазкур ба садҳо ҳазор сокинони мамлакат, аз ҷумла шахсони камбизоат ва маъюб ташхисҳои ройгон расонида шудааст.
Инчунин, аз тарафи Шӯъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (тадқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии Озмоишгоҳи миллии референсӣ пайваста дар муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шуда, фаъолияти онҳо таҳлилу баррасӣ карда мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи зарури ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди барраси қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида мешаванд.
Яъне, роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба ҳар як муроҷиат ва фикру пешниҳоди мизоҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани фаъолияти корӣ ҳамеша омодааст, ки тавсияву маслиҳати муфиду созандаи шаҳрвандонро баҳри ҷоннок намудани хизматрасонӣ амалӣ намояд.
Дар маҷмӯъ, метавон чунин хулоса кард, ки дар давоми фаъолияти 7-солаи худ Озмоишгоҳи миллии референсӣ тавонист дар бахши озмоишгоҳии мамлакат такони ҷиддӣ бахшида ба рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам оварад.