Ҷиҳати иҷроиши фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2023, №642 “Оиди ба таъсиси Комиссияи ва Нақша чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”- Комиссияи дохилиидоравӣ ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии муассиса таъсис ва таҳия шуда, тасдиқ шудааст.
Шароит ва таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати ба таври хатмӣ қабули пардохти ҳамаи намуди хизматрасониҳои музднок аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ (POS-терминал, банкомат, QR-рамз) ташкил, таъмин ва амалӣ шуда, аз 1 августи соли 2023 қабули пардохтҳои нақдӣ манъ карда шуданд.
Эълонҳо оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва номгӯи хизматрасониҳои муздноки тиббӣ бо дарҷ шудани арзиши онҳо дар ҷойҳои намоён (даромадгоҳ, назди хазина) овезон шудаанд.