Аз 9 то 14 январи соли равон бахшида ба ҳафтаи умумиҷаҳонии маълумотнокӣ оид ба дорувории зиддимикробӣ бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар озмоишгоҳи бактериологии Озмоишгоҳи миллии референсӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Зимни семинари омӯзишӣ мутахассиси швейтсарӣ Онур Каратун, ки дар доираи лоиҳаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба озмоишгоҳ ташриф овардааст, ба мутахассисони озмоишгоҳи бактериологӣ доир ба нозукиҳои масъала маълумот пешниҳод намуд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дониш ва тарҷибаи мутахассисони омоишгоҳ баланд бардошта мешавад, ки ин омил боиси боз ҳам хубтару беҳтар гардидани фаъолияти хизматрасонӣ дар муссисаи мазкур мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Озмоишгоҳи миллии референсӣ бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, ташхиси шаҳрвандон бо сатҳи баланд гузаронида мешавад.