Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар мутахассиси хазинадорро барои фаъолият дар озмоишгоҳи муассиса ба кор қабул менамояд.
Хазинадор бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи муҳосибот ё иқтисод;
– таҷрибаи кории на кам аз 5 сол дар вазифаи муҳосиб-хазинадор;
Мутахассис бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
– ариза ба унвони роҳбари муассиса;
– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
– 2 дона расми 4х6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);
– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.
Довталаб пас аз суҳбат ба кор қабул гардида, маоши он аз рӯи таҷрибаи корӣ муайян карда мешавад.