Бо мақсади дар айни вақт ва дуруст муайян кардани макони зисти муроҷиаткунандагон барои ташхиси бемориҳои зери назорати эпидемиологӣ, аз ҷумла ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), RV (оташак), ҳама намуди гепатитҳо ва кабудсулфа роҳбарияти Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” тамсим гирифтааст, ки шаҳрвандонро барои ин намуд ташхисҳо танҳо бо пешниҳоди шиноснома қабул намояд.
Бинобар ин, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми муроҷиат ба озмоишгоҳ барои ташхиси ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), RV (оташак), ҳама намудҳои гепатитҳо ва кабудсулфа, шиносномаи худ ва фарзандашонро ҳамроҳ бигиранд.
Ин тасмим танҳо ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ мебошад.
Бинобар ин, шаҳрвандон бояд ин тасмими роҳбарияти озмоишгоҳро дуруст дарк намоянд.