Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона кулли ҳамватанони азиз ва тоҷикони бурунмарзиро бо фарорасии ҷашни ҳуҷастаи Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо хушбахтиву саодатмандӣ, саломативу сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Бояд гуфт, ки Наврӯз аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба шумор меравад, ки тули қарнҳои зиёд мақоми хешро аз даст надода, то замони мо омада расидааст. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад.
Бино ба таъкиди бостоншиносон, дар таърихи фарҳанги миллати тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Воқеан, фалсафаи Наврӯз аз рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва аз рӯзи оштӣ иборат буда, он талқингари фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.
Доир ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони дохилу хориҷи кишвар дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.
Ҳамзамон, дар робита ба таърихи ин ҷашни бостонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад ва ин далел мояи ифтихор аст, ки Наврӯзи бостонӣ ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».
Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн ва анъанаҳои миллии ниёгонамон азнав эҳё гардида, таҷлили бошукӯҳи онҳо дар саросари мамлакатамон ба ҳукми анъана даромад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз санаи 18-уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти 64-уми худ ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ бахшид ва ин иди фархунда ҷашни ҷаҳонӣ гардид, ки он аз фурӯғи оламгири фарҳанги миллӣ башорат медиҳад.
Бо дарки маънии он, ки фалсафа ва мазмуну муҳтавои ин ҷашни бостонии миллати тоҷик сарҷамъӣ, иттиҳод, инсондӯстӣ, ба ҳамдигар меҳру муҳаббат варзидан аст, имрӯзҳо ҷашни Наврӯз аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ва созмону ташкилотҳои бонуфӯзи олам эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва шодмонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Имрӯз ҷашни Наврӯз дар кишварҳои пешрафтаи дунё ва дар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ бо риояи суннат ва анъанаҳои хос таҷлил карда мешавад, ки ин албатта боиси сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.
Яъне, воқеан ҳам ҷашни Наврӯз ба ҳеҷ дину маҳзаб тааллуқ надошта, балки ҷашни табиат мебошад ва сокинони сайёраро ба дӯстиву иттиҳод, якдигарфаҳмӣ ва бародарӣ даъват менамояд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон ҷашни Наврӯзро дар фазои сулҳу ором ва дӯстиву сарҷамъӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда, бо оростани дастархонаи наврӯзӣ ва риояи анъанаҳои неки он шодиву хурсандӣ мекунанд.
Бигзор ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва ниятҳои неки кулли тоҷикони ҷаҳон ҷомаи амал пӯшад.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз шодбош намуда, дар хонадони ҳар кадоми онҳо нишоту шодмонӣ, иқболу хушбахтӣ, файзу баракати наврӯзӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи корияшон муваффақияту сарбаландӣ хоҳонам.
Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз хуҷаста бод!