Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ низ дар пайравӣ аз сиёсати ғамхорона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.
Аз ҷумла давоми соли 2023 аз ҷониби озмоишгоҳи мазкур дар умум ба 2066 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 109186 сомонӣ ба тариқи ройгон 10137 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст.