Бо дарназардошти рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ, талаботи шаҳрвандон низ ҷиҳати муайян ва пешгирии бемориҳои гуногун ба ташхисҳои дурусту дақиқ ва саривақтӣ меафзояд.
Хушбахтона, давоми солҳои охир баҳри дастрасии шаҳрвандон ба ташхисҳои дурусту дақиқ дар мамлакат якчанд озмоишгоҳҳо ба фаъолият шуруъ намуданд.
Озмоишгоҳи миллии референсӣ яке аз озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз то навтарин таҷҳизоти тиббии замони муосир дар мамлакат мебошад, ки дар самти муайян намудани ташхисҳои дақиқ ва саривақтӣ фаъолияти пурсамар дорад.
Дар озмоишгоҳи мазкур гирифтани беш аз 200 намуд ташхисҳо имконпазхир мебошад, ки ба шаҳрвандон мутахассисони варзидаи соҳа хизмат мерасонанд.
Дар баробари ин, роҳбарияти озмоишгоҳ ба масъалаҳои одоби муоширати мутахассисон бо шаҳрвандон, саривақт ҷавоб гардонидан ба ташхисҳо, шунидани арзу шикояти шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии онҳо, пайваста баргузор намудани даврҳои омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони озмоишгоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Бо мақсади дар сатҳи зарури ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди барраси қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳи андешида мешаванд. Дар ин давраи ҳисоботӣ 10 шикояти беморон баррасӣ шуда, ҳалли худро ёфтааст ва ҳамагӣ аз рӯи пурсишнома (анкета) бо 292 нафар беморон пурсиш гузаронида шуда, роҳҳои ҳалли камбудиҳо дарёфт карда шуданд.