Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, он ба рушду пешрафти дилхоҳ соҳаҳои ҳаётан муҳим хатари ҷиддӣ ворид месозад. Ин падидаи номатлуб имрӯзҳо дар саросари оалм ҳамчун “Вабои аср” эътроф гардида, ҷиҳати решакан намудани он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир амалӣ гардида истодаанд.
Роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ низ ба масъалаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва решакан намудани ин вабои аср дар ҷомеа диққати махсус зоҳир менамояд.
Аз ҷумла, аз тарафи роҳбарияти муассиса оиди одоби муомилаю муоширати кормандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи интизоми меҳнат, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва мавзӯъҳои дигари рӯз навбат ба навбат дар маҷлисҳои бо кормандон гузаронидашуда, баррасӣ карда мешаванд. Хосатан, вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионї ҷаласаи алоҳида ва аз тарафи ҳуқуқшиноси муассиса дарсҳои омӯзиши вобаста ба мавзуъҳои моҳият, мафҳум, омилҳо ва оқибатҳои коррупсия дар байни кормандон гузаронида шуда, нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар озмоишгоҳ барои соли 2023 таҳия ва тасдиқ карда шуданд.