Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2021, №751 ва аз 11.11.2021, №1009 “Оиди гузаронидани даври омӯзишӣ доир ба қоидаҳои намунагирии маводҳои клиникӣ барои ташхиси Covid-19” аз тарафи табиб-озмоишгарони муассиса (Баротова Б., Ҷалилова Г., Ковалчук Т., Қосимова Т., Сабзалиев М.) ба 57 нафар донишҷӯдухтарон ва табиб-интернҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ба 32 нафар табиб-озмоишгарони муассисаҳои табобатию профилактикии ш.Душанбе, ба 59 нафар табиб-озмоишгарони муассисаҳои табобатию профилактикии вилояти Суғд, ба 17 нафар таҳлилгарони муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз, ба 31 нафар таҳлилгарони муассисаҳои тандурустии минтақаи Кулоби вилояти Хатлон дар шаҳри Кулоб, ба 46 нафар мутахассисони муассисаҳои тандурустии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, ба 15 нафар мутахассисони муассисаҳои тандурустии минтақаи Рашт дар ноҳияи Рашт, ба 13 нафар мутахассисони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳисор даври омӯзишӣ доир ба қоидаҳои намунагирии маводҳои клиникӣ барои ташхиси Covid-19 даври омӯзишӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории даври омӯзишӣ аз ҷониби озмоишгарони Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба озмоишгарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда нозукиҳои масъала омӯзонида шуда, бо ин васила савияи дониш ва таҷрибаи онҳо такмил дода шуд.