Аз тарафи роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ оиди одоби муомилаю муоширати кормандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи интизоми меҳнат, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва мавзӯъҳои дигари рӯз навбат ба навбат маҷлисҳо гузаронида шуда, масъалаҳои мазкур мунтазам баррасӣ мегарданд.
Дар баробари ин, вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар озмоишгоҳ ҷаласаҳои алоҳида низ ташкил ва баргузор гашта, ҳамзамон аз тарафи ҳуқуқшиноси муассиса дарси омӯзишӣ доир ба мавзӯъҳои моҳият, мафҳум, омилҳо ва оқибатҳои коррупсия дар байни кормандон гузаронида мешавад.
Инчунин, нақшаи чорабиниҳои Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҷиҳати таъмини иҷрои татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои соли 2025 таҳия ва амалӣ гардида истодааст.