Мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар давраи соли 2021 дар як қатор даврҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷумла дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2021, №750 “Оиди иштироки озмоишгоҳҳо дар назорати сифати берунаи ташхиси Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутахассисони озмоишгоҳи вирусологии муассисаи мазкур дар назорати сифати берунаи ташхиси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2021, №752 “Оиди гузаронидани даври омӯзишӣ доир ба скрининги штаммҳои ғайримаъмулии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” табиб-озмоишгарони озмоишгоҳи вирусологии муассиса (Ковалчук Т., Қосимова Т.) дар даври омӯзишӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ин давра инчунин тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2021, №753 “Оиди иштироки озмоишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври омӯзишии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба такмили ихтисоси менторҳои миллӣ доир ба татбиқи назорати сифат дар озмоишгоҳҳо” табиб-озмоишгарони муассиса дар даври омӯзишӣ низ иштирок намуда, аз худ фаъолмандӣ нишон доданд.
Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.09.2021, №772 “Оид ба татбиқи системаи идоракунии сифат дар озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳайси мутахассис-ментор табиб-озмоишгарони муассиса (Баротова Б., Ҷалилова Г., Ковалчук Т., Қосимова Т., Сабзалиев М., Инатулоева Ш.) дар гузаронидани ин чорабинӣ иштирок намуданд.