Мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар курси такмили ихтисос аз руи барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (Global Laboratory Leadership Programme), ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, иштирок ва онро бомуваффақият хатм намуданд.
Дар маросими хатми курси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони як қатор вазорату идора ва сохторҳои дахлдори кишвар ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки барои иштирок дар курси такмили ихтисос аз рӯи Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) шунавандагон аз тамоми минтақаҳои кишвар тариқи озмун роҳхат ёфта, тули як сол бо назардошти таъмини тамоми хароҷоти онҳо таҳсил намуданд. Шунавандагон аз рӯи 10 салоҳияти роҳбарӣ омӯзонида шуда, барои онҳо табодули таҷриба бо мутахассисони миллӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд.
Боиси хушнудист, ки 16 нафар мудирону мутахассисони озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ курси такмили ихтисосро аз рӯи Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) муваффақона хатм намуданд ва соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд. Дар баробари ин, аз моҳи октябри соли ҷорӣ 20 нафари дигар дар курси мазкур аз тамоми минтақаҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дилрабо Мансурӣ маросими хатми шунавандагони курси такмили ихтисос аз рўйи барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳоро яке аз василаҳои баланд бардоштани таҷриба, мубодилаи афкор ва ба ҳолатҳои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, татбиқи донишҳои назариявии шунавандагонро дар раванди истеҳсолот мувофиқи мақсад шуморид.