Озмоишгоҳи бактериологии Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар арзёбии берунаи сифат дар самти гузаронидани санҷиши ҳассосияти зиддимикробӣ, ки аз ҷониби Шабакаи назорати эпидемиологии муқовимати зиддимикробӣ дар Осиёи Миёна ва Аврупо (CAESAR) дар ҳамкорӣ бо Хадамоти миллии арзёбии сифат дар Британияи Кабир бо восиати Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2023 гузаронида шуд, иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат дар гузаронидани ташхисҳо вобаста ба ҳаммонандкунии микроорганизмҳо ва ҳассосият ба антибиотикҳо шуд.
Бояд гуфт, ки вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.
Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод намояд.