Пайваста баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисон, гузаштани машғулиятҳои омӯзишӣ дар кишварҳои хориҷ дар маркази диққати роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ қарор дорад.
Дар доираи ин иқдом давоми соли 2022 4 нафар мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ (Баротова Б., Қосимова Т., Ковальчук Т., Ятимова Р.) доир ба муайян кардани зуком (грипп), интиқоли маводҳои сироятӣ дарс ва машғулияти омӯзиширо аз 9 то 17 марти соли 2022 дар ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия гузашта, соҳиби шаҳодатнома гаштаанд.
Зимни иштирок дар машғулияти омӯзишӣ кормандони озмоишгоҳ донишу таҷрибаи хешро баланд бардошта, ба Ватан баргаштанд ва кунун баҳри сиҳатии сокинони мамлакат саҳми хешро гузошта истодаанд.
Ба ғайр аз ин, мутахассисони муассиса (Ҷалилова Г., Ковальчук Т.) дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2022, №321 дар даври омӯзишӣ дар мавзӯи “Озмоишгоҳҳои муносиб-саломатии бардавом” ки рӯзҳои 14-18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон баргузор гардид, иштирок карданд. Инчунин, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.11.2022, №308 барои иштирок дар даври омӯзишӣ роҷеъ ба идоракунии партовҳои тиббӣ бо таваҷҷуҳ идоракунии партовҳои озмоишӣ, ки аз 7 ноябр то 3 декабри соли 2022 дар ш.Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, мутахассиси муассиса (Ятимова Р.М.) дар гуруҳи сеюм аз 21 то 26 ноябри сол 2022 сафарбар карда шуд.