Мутобиқи нақша дар соли 2024 воситаҳои ченак ва таҷҳизотҳои озмоишӣ дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) аз назорати давлатии метрологӣ гузаронида шуданд.
Дар ин давра ҳамзамон барои инкишофи озмоишгоҳҳои муассиса доир ба ташхисҳои озмоишгоҳӣ, ворид намудани усулҳои муосири ташхис бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ як қатор таҷҳизотҳои лозима барои таҷзияи занҷираи полимерозӣ (ПЦР), барои эҳтиёҷоти озмоишгоҳи бактериологӣ ва барои муайян кардани пайдарпайии нуклеотидҳои ДНК ва РНК (секвенирование) барои озмоишгоҳи вирусологӣ дастрас карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ муассиса бахшида ба рӯзҳои ид, аз ҷумла Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 23 феврал, Рӯзи Модар – 8 март, Иди байналмилалии Наврӯз-21-24 март, иди Ғалаба-9май, Рӯзи ваҳдати миллӣ-27 июн, Рӯзи кормандони соҳаи тиб- 16 август, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр, “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-5 октябр, “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-6 ноябр, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-16 ноябр, “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- 24 ноябр маҷлисҳои тантанавӣ ва соатҳои сиёсӣ гузаронида шуданд.