Барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз тарафи Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар давраи ҳисоботии шашмоҳаи аввали соли 2023 ба 641 нафар маъюбон ба маблағи 29489 сомонӣ ба 296 нафар шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 15145 сомонӣ, ба 96 нафари дигар гурӯҳи осебпазирии ҷомеа ба маблағи 7750 сомонӣ, ба 8 нафар шаҳрванд дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 1972 сомонӣ ва дар умум ба 1041 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 54356 сомонӣ ба тариқи ройгон 6248 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст.
Дар ин давра тибқи супориш дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2023, №11 ба бошандагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” 183 ташхиси умумии хун, 147 ташхиси умумии пешоб, 53 ташхиси умумии фазла ба маблағи 9258 сомонӣ ба тариқи ройгон гузаронида шуд.