Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ давоми соли 2021 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Махсусан, дар ин давра аз тарафи муассиса ба 2419 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 136246 сомонӣ ба тариқи ройгон 21763 ташхисҳои озмоишгоҳӣ, аз ҷумла ба 1481 нафар маъюбон ба маблағи 76943 сомонӣ, ба 683 нафар шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 43443 сомонӣ ва ба 255 нафари дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 15860 сомонӣ расонида шуд.
Дар навбати худ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ин иқдоми роҳбарияти озмоишгоҳ истиқбол намуда, баҳри фароҳам овардани чунин шароити мусоид ба Роҳбарияти олии мамлакат, хосатан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.