Дар давраи нуҳмоҳаи соли 2023 аз тарафи Шӯъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (тадқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар 8 муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шудааст.
Зимни санҷиш фаъолияти озмоишгоҳҳо таҳлил ва баррасӣ гардида, барои бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳамчунин дар ин давра барои баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон 37 дарсҳои омўзишӣ дар алоҳидаги бо табибон, кормандони миёнаи тиб ва бо кормандони хурди тиб дар мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи фаъолият гузаронида шуда, тартиби амалиётҳои стандартӣ (ТАС (СОП)) аз нав баррасӣ шуданд.