Дар пайравӣ аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ пайваста ба ин табақаи ҷомеа тибқи тартиби муқарраргардида ва аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон пешниҳод менамояд.
Давоми семоҳаи аввали соли 2025 аз ҷониби Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба 448 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 30 ҳазору 708 сомонӣ ба тариқи ройгон 2956 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд.
Роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ минбаъд низ фаъолияти хешро дар ин самт идома дода, ба ашхоси ниёзманди ҷомеа аз рӯи имкониятҳои мавҷудаи хеш ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон пешниҳод хоҳад кард.