Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар ҳама суханронӣ ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзуъ махсус таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудаанд: “Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, давоми соли 2022 аз тарафи озмоишгоҳ ба 1503 нафар маъюбон ба маблағи 89 885 сомонӣ, ба 721 нафар шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 49 440 сомонӣ, ба 204 нафар дигар гурӯҳи осебпазири ҷомеа ба маблағи 15 051 сомонӣ ва дар умум ба 2428 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 154 376 сомонӣ ба тариқи ройгон 11 860 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра ба 423 нафар бошандагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” низ 191 ташхиси умумии хун, 153 ташхиси умумии пешоб, 79 ташхиси умумии фазла ба маблағи 9 998 сомонӣ ба тариқи ройгон гузаронида шуд.
Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”, ки дорои тамоми дастгоҳҳои муосир ва шароитҳои ташхисӣ мебошад, фаъолияти хубу босамари он барои ташхиси саривақтӣ ва табобати дурусту босифат мусоидат хоҳад кард.
Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат мебошад.
Роҳбарияти муассисаи мазкур минбаъд низ фаъолияти хешро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ идома хоҳад дод.