Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии Озмоишгоҳи миллии референсӣ мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб “Пурсишнома” тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида хоҳанд шуд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2025 аз рӯи “Пурсишнома” (Анкета) ба 161 нафар беморон пурсиш гузаронида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишгоҳӣ дар маркази диққати роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.