Дар давраи ҳисоботии семоҳаи якуми соли 2023 аз тарафи Шӯъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (тадқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар 3 муассисаҳои тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ гузаронида шудааст:
Дар муассисаҳои тандурустии Беморхонаи бисёрсоҳавии клиникии вилоятии ба номи А.Ҳақназаров-и шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона-и ш. Душанбе ва Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 ба номи С.Урунов-и ш. Хуҷанд.
Дар рафти гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ дар баробари пешравиҳо як қатор камбудиҳо низ ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани онҳо ба роҳбарияти муассисаҳои тандурустӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуд.