Бо мақсади дар сатҳи зарури ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди барраси қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳӣ андешида мешаванд.
Ҳамзамон, дар ин давра 4 нафар кормандони озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмоишгоҳҳои муассиса таҷрибаомӯзӣ карданд.
Дар ин миён 10 нафар мутахассисони ҷавони озмоишгоҳ барои ихтисосгирии аввалия дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд.