Дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 18 май мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ дидан намуданд.
Дар доираи вохурии хеш мутахассисони ӯзбек бо кормандони озмоишгоҳи мазкур дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави КОВИД-19 табодули афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони узбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан ба ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳадаф аз ташрифи табибони ӯзбекистонӣ додани тавсияҳо аз таҷрибаи хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус мебошад.
“Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли 2017 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд.
Зикр бояд кард, ки дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.