Дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи имрӯз роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия Анна Попова аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ ва Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, озмоишгоҳи мазкур бо навтарин таҷҳизоти муосир таъмин мебошад, ки дар онҳо ташхисҳои гуногун бо сифати баланд гузаронида мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз ҳамзамон роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор) Анна Попова бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот намуд.