Тавре маълум аст, дар пайи ба эътидол омадани вазъи санитарию эмидемиологӣ, махсусан, вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон пас аз моҳҳо қатъ гардидани парвозҳои ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷӣ, хушбахтона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо, хосатан кишвари Россия парвозҳои ҳавоӣ азнав оғоз гардиданд.
Аммо, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва тибқи талаботҳои имрӯза, аз ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба ин ё он давлат сафар менамояд, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо ҳатман маълумотнома оид ба ташхиси бемории коронавирус талаб карда мешавад.
Бо назардошти афзудани талаботи шаҳрвандони мамлакат барои гирифтани маълумотнома оид ба ташхиси бемории COVID-19, ки ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, инчунин, бо мақсади пешниҳоди ташхиси дурусту дақиқ ва саривақтӣ “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар баробари дигар озмоишгоҳҳои мамлакат барои шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, маълумотнома оид ба ташхиси бемории COVID-19 низ пешниҳод менамояд.
Натиҷаи ташхиси тестии шаҳрвандон барои муайян намудани бемории коронавирус дар озмоишгоҳи мазкур бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ давоми 5-6 соат омода ва пешниҳод карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат мебошад.
Суроғаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ: ш. Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо). Телефон барои тамос: 44 600 55 06.