Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мақоми хоса дошта, аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат пайваста баҳри беҳтар намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба ин табақа тадбирҳои муфид ба сомон расонида мешаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни баромадҳояшон аз тамоми қишҳои ҷомеа даъват ба амал меоранд, ки нисбат ба табақаҳои осебпазир меҳрубон бошанд ва ба онҳо дасти кӯмаки хешро расонанд.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” давоми семоҳаи аввали соли 2023 фаъолияти хешро дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ идома дода, дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз тарафи муассиса дар давраи семоҳаи якуми соли 2023 ба 538 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 26 ҳазору 896 сомонӣ ба тариқи ройгон 4095 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст.
Роҳбарияти муассиса минбаъд низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ идома хоҳад дод.