Дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии “Референсӣ”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид, ки дар он Раиси ташкилоти ибтидоии “Референсӣ”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳодур Холназар, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Розиқова Моҳира ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Референсӣ”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Референсӣ”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва нақшаи фаъолияти кории худ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои сиёсии таблиғотӣ ва ташвиқотиро баргузор намуд.
Махсусан, бахшида ба иду ҷашнҳо дар ташкилоти ибтидоии “Референсӣ”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соатҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳо доир карда шуданд, ки дар онҳо аъзоёни ташкилот фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам сабзу хуррам гардондани кишвари азизамон дар гирду атрофи муассиса дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои гуногун шинонида шудаанд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон Нақшаи ташкилоти ибтидоии “Референсӣ”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Референсӣ” тасдиқ карда шуд.
Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Розиқова Моҳира зимни баромади хеш фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Референсӣ”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо дар семоҳаи аввали соли 2021 натиҷабахш арзёбӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи аъзоёни он барору комёбӣ орзу намуд.