Мутахассисони варзидаи рус Плеханов Н. ва Валутит Д бо тавсия ва роҳнамоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” ташриф оварда, бо кори шӯъбаи вирусология, ки дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 таҳқиқот мебарад, шинос шуданд.
Тавре аз озмоишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, вирусологҳои рус бо ҷараёни корҳои таҳқиқотӣ дар самти пешгирии бемориии COVID-19 дар шӯъбаи мазкур шинос шуда, ҳамзамон барои беҳтар намудани фаъолият ба мутахассисони тоҷик тавсияҳои мушаххас доданд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташрифи мутахассисони рус табодули таҷриба бо мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 ба шумор меравад.