Барои баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 22 дарсҳои омўзишӣ дар алоҳидагӣ бо табибон, кормандони миёнаи тиб ва бо кормандони хурди тиб дар мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи фаъолият гузаронида шуда, тартиби амалиётҳои стандартӣ (ТАС (СОП)) аз нав баррасӣ шуданд.
Бо мақсади дар сатҳи зарури ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, мавриди барраси қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баҳодиҳии хизматрасонии муассиса мутобиқи Системаи идоракунии сифат ҳангоми пешниҳоди натиҷаҳои ташхис ба муроҷиаткунандагон ва кормандони тиб «Пурсишнома» тартиб дода шудааст, ки дар асоси натиҷаҳои пурсиш аз тарафи роҳбарияти муассиса чорабиниҳои лозима барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти хизматрасонии озмоишгоҳи андешида мешаванд. Дар ин давраи ҳисоботи ҳамагӣ аз рӯи пурсишнома (анкета) бо 98 нафар беморон пурсиш гузаронида шудааст, 2 нафари онҳо пешниҳоди паст кардани арзиши ташхисҳо карданд.