Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ низ дар пайравӣ аз сиёсати ғамхорона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.
Аз ҷумла дар давоми соли 2024 аз ҷониби озмоишгоҳи мазкур дар умум ба 2091 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 123305 сомонӣ ба тариқи ройгон 6793 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст.