Дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ вобаста ба пӯшидани лобоси зиддивирусӣ ва муносибат бо нафари гумонбар ба сирояти коронавирус машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки барои муносибат бо нафари гумонбар ба сирояти коронавирус либосҳои махсуси тиббӣ омода карда шудаанд, ки ҳар табибро зарур аст дар баробари истифода намудан, ҳамзамон, тарз ва қоидаи истифодаи онҳоро бидонад.
Дар идома ба кормандони озмоишгоҳ тарзи пӯшидани либоси зиддивирусӣ нишон дода шуда, ичунин, ба онҳо аз ҷониби мутахассисони касбӣ тавсияҳои лозима дода шуд.