Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми тоҷикистониён ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2025 самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, хушбахтиву саодати бардавоми рӯзгор, оромиву осоиштагии хонадон ва дар кору фаъолияташон барору муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорам.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соли сипаригашта барои мардуми куҳанбунёди тоҷик дар тамоми ҷабҳаҳо соли саршор аз муваффақияту бурдборӣ, пешрафту шукуфоӣ ва расидан ба ҳадафҳои бузурги давлатию миллӣ ба шумор хоҳад рафт.
Соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон низ ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид, ки дар натиҷа обру ва мартабаи кишварамон дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло рафт.
Аз ҷумла дар соли сипаригашта қабул ва мавриди амал қарор гирифтани иқдому ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии бошиддати иқлим аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфӯзи олам ва доир ба онҳо қабул гардидани қатъномаҳои махсус бори дигар аз боло рафтани обру ва нуфузи кишвари азизи мо дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳанд.
Дар ҳақиқат, ҳар иқдом ва ташаббусе, ки аз ҷониби Роҳбари давлати мо аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфӯзи олам ироа мегарданд, дар меҳвари ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама таъмини зиндагии шоистаи сокинони сайёра, дар баробари сар задани буҳронҳои шадиди иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳолати омодабош қарор доштан қарор дорад.
Аз ин ҷост, ки дар як муддати кутоҳ иқдому ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории амиқ пайдо карда, аз ҷониби созмонҳои бонуфӯз доир ба татбиқи онро қатъномаҳои махсус қабул мегардад.
Яъне, метавон гуфт, ки бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қатъномаҳои махсус оид ба ташаббусҳои навбатии Ҷаноби Олӣ, Роҳбари ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба оламиён исбот шуд, ки миллати тоҷик ҳамеша бо чунин фарзандони фарзонааш дар ғами мардуми сайёра аст ва аз мушкилотҳои глобалӣ худро бетараф гузошта наметавонад.
Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид. Махсусан бунёд ва мавриди истифода қарор додани иншоотҳои муосири тиббию табобатӣ, бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, қабул ва мавриди амал қарор додани барномаву стратегия, консепсияву қонун ва қарорҳои соҳавӣ дар ин давра сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар карданд.
Давоми соли 2024 ба роҳбарият ва кормандони Озмоишгоҳи миллии референсӣ низ соли пур аз хотираҳои нек ва дастоварду муваффақиятҳо буд, ки онҳо тавонистанд бо пешниҳоди ташхисҳои дурусту дақиқ ба шаҳрвандон саҳми хешро дар беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ гузоранд.
Дар маҷмуъ, метавон бо боварии комил гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2024 дар роҳи расидан ба ҳадаву мақсадҳои бузурги миллӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии шаҳрвандон боз ҳам қадамҳои устувор гузошт ва минбаъд низ фаъолияти хешро дар ин самт бомаром идома хоҳад дод.
Боварии комил дорем, ки соли 2025 низ мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам иттиҳод ва сарҷамъ шуда, баҳри рушди фардои дурахшони Ватани азизамон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона месозанд.
Бигзор соли ҷадид барои мардуми мо соли муваффақияту бурдборӣ, оромиву осоиштагии хонадон, иттиҳоду сарҷамъӣ ва расидан ба ҳадаву мақсадҳои бузург бошад.
Соли нави милодии 2025 муборак, ҳамватанони азиз!