Дар самти тараққи додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи хадамоти озмоишгоҳӣ ва иштирок дар барномаҳои сифати ташхисҳои озмоишӣ Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” ҳамкории байналмиллалиро бо Маркази ҳамкории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба роҳ мондааст.
Бояд гуфт, ки моҳи январи соли ҷорӣ намунаҳои 30 маводи биологии мусбии зуком барои тадқиқоти минбаъда ба Институти Френсиса Крики шаҳри Лондони Британияи Кабир равон карда шуданд ва ҳисобот оид ба тасдиқи дурустии натиҷаҳои ташхис аз тарафи онҳо пешниҳод шуд.
Баъд аз ташрифи аъзоёни комиссия ва баҳогузории коршиносони мустақили байналмиллалӣ Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун Маркази милли зуком эътироф гардид.
Дар доираи сафари хеш ҳамзамон аъзоёни комиссия бо муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ мулоқот намуданд.
Ба ғайр аз ин, муассиса дар барномаи ТУТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва сертификат шуд.